Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Канада талош барои поён додан ба тазоҳуроти сеҳафтаина оғоз ёфт


Ронандагон бо мошинҳои боркаши худ, роҳи муҳими байни Канадаву Амрикоро бастанд.

Дар Канада, маъмурони пулис ба пок кардани як пули муҳиме аз тазоҳургарон оғоз карданд, ки чанд рӯз боз онро бо мошинҳои боркаш бастаанд. Тазоҳуроти ронандагони мошинҳои боркаш бо вуҷуди ҳаракати маъмурони пулис барои берун кардани онҳо аз маҳал рӯзи 12-уми феврал идома кард.

Тазоҳургарон баъди муроҷиати пулис, ки роҳро барои ҳаракат боз мекунанд, аз ин маҳал ақибнишинӣ карданд. Пулис гуфт, касе, ки ин корро намекунад, боздошт мешавад. Бо вуҷуди ақибнишинии тазоҳургарон аз пули шаҳри Виндсор дар Канада, теъдоди зиёди дигаре аз тазоҳургарон ба онҷо омаданд. Пулис ба мардуми эътирозгар гуфт, ки “оромона ва бар асоси қонун” рафтор кунанд.

Пештар аз ин додгоҳе дар Канада амр дод, ки тазоҳуроти тақрибан сеҳафтаина дар як роҳи муҳими тиҷоратӣ байни Амрикову Канада хотима дода шавад. Пули Амбассадор, ки шаҳри Виндсорро бо шаҳри Детройти Амрико васл мекунад, як гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ байни ду кишвар аст ва сеяки тиҷорати байни ду ҳамсоя аз тариқи он сурат мегирад. Ронандагони мошинҳои боркаш ва теъдоди дигаре аз мардум ба зидди маҳдудиятҳои вобаста ба СОVID-19 ва ваксинзании ҳатмӣ эътироз доранд.

XS
SM
MD
LG