Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон эйр" аз "Боинг" ҳавопаймо иҷора мегирад


Ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр"
Ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр"

"Сомон Эйр" ният дорад, ки аз ширкати амрикоии "Боинг" ду ҳавопаймои 737-800-ро ба иҷора бигирад.

Дар ин бора Қосим Вализода, намояндаи ширкати "Сомон эйр", рӯзи 10-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод. Ӯ пас аз анҷоми нишаст дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назар аст, то тобистони имсол ҳавопаймоҳоро ба даст оранд. Вализода таъкид намуд, ки ҳавопаймоҳо то 189 ҷои нишаст дорад. Ба иттилои ӯ, феълан "Сомон Эйр" 6 ҳавопаймо дорад, ки аз ин чаҳортояш коршоям буда, дар хатсайрҳои гуногун парвоз анҷом медиҳанд.

"Сомон-эйр", ягона ширкати хусусии ҳавпаймоӣ дар Тоҷикистон буда, борҳо барои монополияи бозор мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ин ширкатро ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон марбут медонанд, ки аз имтиёзҳои хос бархурдор аст ва чиптаро ба муштариён бо нархҳои гарон мефурӯшад.

XS
SM
MD
LG