Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон ишора кард, ки аз мақомаш даст мекашад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон.

Рӯзи 12-уми март дар Туркманистон интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" бо такя ба Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар хабар додааст.

Аз ин пеш, рӯзи 11-уми феврал Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии порлумони кишвараш гуфт, ба қароре омадааст, ки роҳро ба раҳбарони ҷавон боз кунад. Ӯ гуфт, ки ду сол пеш ба синни пайғамбарӣ, яъне синни 63-солагӣ расида буд.

Бердимуҳаммадов соли 2007 курсии президентии Туркманистонро гирифта буд. Ӯ гуфт, ки 15 сол боз дар ин мақом кор мекунад. Расонаҳо навиштанд, ки ӯ ба хаста шуданаш ишора мекунад.

Соли 2016 порлумони Туркманистон ба сарқонуни ин кишвар тағйир ворид кард, ки бар асоси он муҳлати президентӣ аз 5 сол ба ҳафт сол боло бурда шуд.

Президенти Туркманистон писаре бо номи Сардор Бердимуҳаммадов дорад, ки ҳоло муовини нахуствазири кишвар аст.

Эҳтимол меравад, ки ӯ ҷойгузини падараш шавад. Бердимуҳаммадов унвони пешво ва ҳомии миллати туркман "Аркадаг"-ро дорад.

Ҳоло маълум нест, ки дар сурати сари қудрат омадани раҳбари дигар Бердимуҳаммадов чӣ вазифаеро бар душ хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG