Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймо дар Шарқи Дури Русия. Ду кас ҷон бохт


Маҳалли суқуқти Ан-2. Камчатка
Маҳалли суқуқти Ан-2. Камчатка

Дар натиҷаи афтодани ҳавопаймо дар Камчатка, Шарқи Дури Русия, ду нафар ҷон бохтаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия 11-уми феврал гуфт, ҳавопаймои Ан-2 ҳангоми интиқоли бор суқут кард.

Ба иттилои манбаъ, оташнишонҳо ва маъмурони наҷот барои хомӯш кардани сӯхторе, ки дар пайи садама ба вуҷуд омад, "чанд соат кор карданд."

Дар солҳои охир дар Шарқи Дури Русия чанд садамаи ҳавопаймоҳои кӯҳна сабт шудааст.

Моҳи июли соли гузашта бар асари суқути ҳавопаймо дар Камчатка 28 нафар ба ҳалокат расиданд. Моҳи сентябр як ҳавопаймои Ан-26 дар минтақаи Шарқи Дур афтод. Дар он ҳодиса шаш нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG