Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои духтару домоди Назарбоев дар Олмон


Темур Қулибоев

Духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев – Динора ва ҳамсараш Темур Қулибоев дар Олмон қароргоҳи Зеелах, як вилла ва ду меҳмонхона доранд, ки ба 100 миллион евро баробар аст.

Ба иттилои расонаҳо, қароргоҳи Зеелах, ки ҳоло духтари Назарбоев дар Олмон дар ихтиёр дорад, дар асри 19 бунёд шуда, дар гузашта қароргоҳи тобистонаи дипломати рус ва мушовири махфӣ Михаил Хрептович будааст. Динора ин қароргоҳро даҳсолаҳост, дар ихтиёр дорад ва ҳамагӣ ду сол пеш бозсозии онро ба поён расондааст.

Арзиши ин қароргоҳ ба 60 миллион евро расидааст. Ба гуфтаи яке аз бинокороне, ки дар бозсозии қароргоҳ иштирок дошт, "соҳибони хона ҳангоми таъмир пулро дареғ намедоштанд" ва бинокорон аз ҳар қадами худ бо фиристодани акс ба Қазоқистон гузориш медоданд.

"Боре ба фармоишгарон коре писанд наомад. Онҳо аз рассом хостанд, корашро, ки аллакай барои он 150 ҳазор евро пардохт шуда буд, аз сари нав анҷом диҳад," -- изҳор доштааст бинокор.

XS
SM
MD
LG