Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади раиси як ҷамоатро дар Хатлон овехта пайдо кардаанд


Ҷасади раиси як ҷамоатро дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон овезон пайдо кардаанд. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ноҳия рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати “Ҷӯра Назаров”, шаби 11-уми феврал дар манзили зисташ ёфт шудааст. Сабаби марги ӯ ҳанӯз маълум нест. Пайвандонаш изҳори назаре накардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, "ҳоло кормандони ҷамоат дар ин робита ба идораи пулис даъват шуда, бозпурсӣ мешаванд."

Гуфта мешавад, Хушқадам Нодиров пештар дар идораи нотариус кор мекард. Ӯ сармутахассиси шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоат буд.

XS
SM
MD
LG