Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, барои ташхиси "омикрон" дар Тоҷикистон дастгоҳ мегиранд


Вазири тандурустӣ мегӯяд, барои муайян кардани он ки дар Тоҷикистон навъи "омикрон"-и коронавирус ҳаст ё не, дастгоҳи махсус талаб кардаанд ва "рӯзҳои наздик ин дастгоҳ вориди кишвар мешавад".

Рӯзи 10-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ, рӯзноманигорон аз вазири тандурустӣ пурсиданд, ки оё дар Тоҷикистон навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус сабт шудааст ё не.

Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, барои муайян кардани навъи “омикрон” дастгоҳи махсус лозим аст, ки Тоҷикистон рӯзҳои наздик онро дастрас мекунад.

Аммо вазири тандурустӣ гуфт, ин ки бемор гирифтори омикрон аст ё навъи дигари коронавирус, чандон аҳамияти зиёд надорад. Чун, ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, барои табобати ҳама намудҳои коронавирус доруҳои зиддивирусӣ ва барои баланд бардоштани иммунитет пешбинӣ шудааст.

Навъи “омикрон” дар муқоиса ба навъҳои дигари коронавирус зудтар паҳн мешаванд ва нигарониҳои зиёдро дар дунё ба миён овардааст.

Охири моҳи декабр ва аввали моҳи январ шикояти сокинон аз бистарӣ шудан бо нишонаҳои наздик ба коронавирус зиёд шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ гирифторӣ ба COVID-19-ро дар кишвар тасдиқ кард.

Ҳарчанд Радиои Озодӣ даҳ рӯз пеш аз эълони вазорат ба ташхисҳое даст ёфта буд, ки гирифтории сокинонро ба COVID-19 тасдиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG