Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов соҳиби "Капиталбонк"-и домоди президенти Узбекистон шуд


"Finance TCI", ширкати тобеи Телекоминвест, ки ба сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов рабт дорад, рӯзи 8-уми феврал 3,81 дарсади дигар аз саҳмияҳои "Капиталбонк"-ро харидааст.

Ба иттилои расонаҳо, ширкати Алишер Усмонов ҳоло 61,54 дарасади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр дорад.

Рӯзи 21-уми январ Портали ягонаи иттилои корпоративии Узбекистон хабар дод, ки Ойбек Турсунов, домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз афроди вобастаи "Капиталбонк" хориҷ шудааст.

Он замон Алишер Усмонов 45 дарсади саҳмияҳои "Капиталбонк"-ро харида буд.

Ойбек Турсунов аз моҳи октябри соли 2021 то январи соли 2022 панҷоҳ дарсади саҳмияҳои "Капиталбонк"-ро дар ихтиёр дошт.

XS
SM
MD
LG