Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон гуфт, буҳрони Украина тӯлонист, аммо роҳи ҳал дорад


Эммануэл Макрон ва Владимир Зеленский. Киев, 8-уми феврали 2022
Эммануэл Макрон ва Владимир Зеленский. Киев, 8-уми феврали 2022

Президенти Фаронса пас аз мулоқоташ бо раҳбарони Маскаву Киев иброз дошт, ки ҳарчанд ҳалли буҳрони бархоста миёни Русия ва Украина “моҳҳо дароз мекашад”, вале фурсат “барои пешрафт” вуҷуд дорад.

Эммануэл Макрон рӯзи 8-уми феврал баъд аз мулоқот бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский дар Киев гуфт: “Имкон дорем, ин гуфтушунидҳоро миёни Русия ва Украина ба пеш барем”.

Вай афзуд, ҳамчунин барои коҳиши танишҳо миёни Маскаву Ғарб “роҳҳои мушаххас ва амалии ҳал” вуҷуд дорад. Макрон дар бораи ин баҳсҳо ҷузъиёт надод, аммо ҳамзамон гуфт, “ҳеч кас набояд таҷаммӯи беш аз 100 ҳазор сарбози Русияро дар наздикии марзи Украина содда бигирад”.

Танишҳо бар сари иқдомоти низомии Маскав, ки Вашингтон ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ эҳтимоли оғози ҳамла ба Украина мепиндоранд, боиси “бигӯ-магӯҳо” дар ҷаҳон шудааст.

Маскав исрор меварзад, ки нияти ҳамла ба Украинаро надорад, аммо ба иқдомҳои иғвоангези низомии худ идома медиҳад. Маскав ҳамзамон кафолат мехоҳад, ки НАТО Украина ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқро ба узвият напазирад.

XS
SM
MD
LG