Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев дар бораи эътирози "бекорон" дар Қазоқистон изҳори назар кард


Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, дар як ҷаласа рӯзи 8-уми феврал гуфт, ки дар вилояти Мангистау "эътирозҳои бекорон меафзояд" ва ин масъала бояд ҳал карда шавад.

"Ҳамаи талаби онҳо бояд баррасӣ шавад. Манофеи қонунӣ ва ҳуқуқи онҳо бояд таъмин шаванд. Бояд бо роҳбарон ва коргарони иттиҳодияҳои коргарӣ ва ширкатҳо гуфтугӯ ба роҳ монда шавад. Ҳамаи тасмимҳо бояд ба коргарон шарҳ дода шавад," -- афзуд Тоқаев.

Садҳо сокини бекор дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон як ҳафта боз дар назди бинои ҳукумати шаҳр бо талаби кор гирдиҳамоӣ доранд. Ба гуфтаи фаъолон, шумори довталабони ҷойи кор дар рӯйхат ба 2500 расида, ҳар рӯз бештар мешавад.

Ба назди тазоҳургарон котиб ва вакили маҷлиси вилояти Мангистау - Нури Тумишев ва Елубай Абилов баромаданд, вале касе ба онҳо гӯш накард. Тазоҳургарон пас аз нисфирӯзии 7-уми феврал тавонистанд, бо шаҳрдори Жанаозен мулоқот кунанд.

Шаҳрдор Мақсад Ибагаров пешниҳод кард, ки барои ҳалли мушкил комиссия ташкил шавад. Тазоҳургарон ба пешниҳоди шаҳрдор розӣ нашуданд ва таҷаммуъ идома дорад.

XS
SM
MD
LG