Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ДОИШ зимни амалиёти низомии ИМА худ ва хонаводаашро кушт. ВИДЕО


Худкушии раҳбари ДОИШ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Худкушии раҳбари ДОИШ дар Сурия

Дар пайи як амалиёт дар қисмати шимолуғарби Сурия рӯзи 3-юми феврал раҳбари гурӯҳи ба ном “Давлати Исломӣ” ё ДОИШ худ ва аҳли хонаводаашро кушт.

Абуиброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ дар ду соли охир раҳбарии ин созмони даҳшатафканро ба ӯҳда дошт.

Манзили раҳбари ДОИШ дар шимолуғарби Сурия рӯзи 3-юми феврал иҳота шуд. Президенти Амрико Ҷо Байден ҷараёни амалиётро аз Кохи Сафед мушоҳида мекард.

Ӯ гуфт, “вақте мо фаҳмидем, ки ин террорист дар иҳотаи оилаву кӯдакон қарор дорад, тасмим шуд, ки нирӯҳои вижа аз ҳамлаҳои ҳавоӣ даст кашида, аз роҳи хатарноктаре барои одамони мо пеш раванд. Ин роҳ барои ҳадди аксар кам кардани хатари хисороти инсонӣ интихоб шуд.”

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки пеш аз оғози амалиёт тамоми сокинони мулкии биноро берун бурданд. Зане бо чор кӯдакаш ҳам аз ошёнаи якум берун бурда шуд ва баъди ин ногаҳон дар ошёнаи дуюм таркиши пурқудрате рух дод.

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт: “Дар охирин лаҳзаи ночорӣ ва тарс ӯ ба ҷои таслим шуда, барои ҷиноятҳои кардааш ҷавоб додан, бе ҳеҷ эҳсоси раҳм ба оилаи худ ва дигар сокинони бино камарбанди маводи мунфаҷираро ба кор андохта, ошёнаи сеюмро тарконд.”

Низомиён мегӯянд, таркиш чунон пурқудрат буд, ки ҷасадҳо ба берун париданд. Ташхиси ДНК ва изи дастон нишон дод, ки Қурайшӣ ҳамроҳ бо зан ва ду фарзандаш ҳалок шудааст, вале ин охири кор набуд.

Генерал Френк МакКензи, сардори фармондеҳии марказии Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ИМА гуфт: “Ду ҷангие, ки дар байни кӯдакон пинҳон шуданд, ба сӯи нирӯҳои амрикоӣ оташ кушоданд. Ҷасади як кӯдаку ду ҷангӣ - як марду як зан ошкор шуд. Баъди безарар кардани ин хатар, нирӯҳои амрикоӣ дар ошёнаи дуюм чор кӯдак, аз ҷумла як навзодро наҷот доданд.”

Дар ин амалиёт ҳеҷ як низомии амрикоӣ осеб надид. Ба иттилои Пентагон, дар ин байн як чархболе, ки дучори мушкили фаннӣ шуд, ба хотири ба дасти душман наафтоданаш нобуд карда шуд.

Ал-Қурайшӣ давоми ду соли охир раҳбарии гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ба ӯҳда дошт ва гуфта мешавад, ки ҳамла ба зиндони Ҳасакаро моҳи январ раҳбарӣ кардааст. Ҳамла ба фурудгоҳи Кобулро, ки соли гузашта бо дасти шохаи “Хуросон”-и ДОИШ анҷом шуд, ӯ раҳбарӣ мекард. Пеш аз раҳбарии ДОИШ, ӯ яке аз ҷангиёни бераҳме буд, ки эзидиҳои Ироқро ба ғуломӣ гирифта, қатлу куштор ва таҷовуз ба номусро раво дидааст. Амрикоиҳо мегӯянд, марги ӯ зарбаи шадид ба гурӯҳи терристӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG