Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон ба хабари кушта шудани раҳбари ДОИШ. ВИДЕО


Эълони кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ", аз сӯи кишварҳо ва гурӯҳҳои мухталиф дар ҷаҳон ба вокунишҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми октябр гуфт, Бағдодӣ дар охири нақб худ ва се баччаашро куштааст. Ӯ амалиёти зидди раҳбари ДОИШ-ро муваффақ хонд.

Чанд дақиқа пас аз суханони раиси ҷумҳури Амрико, мушовири амнияти миллии ӯ ва ҳамчунин вазири дифои Иёлоти Муттаҳида ба ҷузъиёти дигаре дар бораи амалиёти ин кишвар алайҳи Бағдодӣ ишора карданд. Роберт О’Брайен, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ба шабакаи NBC гуфт, маъмурони истихбороти Амрико дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи гузашта ба маҳалли будубоши Абубакри Бағдодӣ "назорати амниятӣ" доштанд.

Дар изҳороти дигаре, Марк Эспер, вазири дифои Амрико гуфт, ҳадафи амалиёт дар қадами нахуст боздошти Абубакри Бағдодӣ ва дар сурати ғайримумкин будан, куштани ӯ буд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз шимоли шарқи Сурия боис ба шитоб дар амалиёти алайҳи Бағдодӣ нашуд.

Эрон

Алӣ Рабеӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон кушта шудани Абубакр Бағдодиро "поёни намоди терроризм" хонд ва дар "Твиттер" навишт, "марги Ал-Бағдодӣ поёни доишизм нахоҳад буд". Вай ҳамчунин терроризм дар Ховари Миёна ва шимоли Африқоро зодаи "сиёсатҳои низомӣ ва ҳимояти истибдод донист".

Курдҳои Сурия


Созмони "Нерӯҳои демократии Сурия" эълон кард, ки маҳалли будубоши Абубакри Бағдодиро маъмурони ҷосусии ин гурӯҳ муайян карданд. Яке аз фармондеҳони баландпояи ин гурӯҳ дар нишасти хабарӣ гуфт, амалиёти Амрико пас аз ироаи маълумоти онҳо анҷом шуд. Вай ҳамчунин иддао кард, ки иқдоми низомии Туркия дар шимоли Сурия дар воқеъ амалиёт алайҳи Бағдодиро беш аз як моҳ ба таъхир андохт.

Мазлум Абдӣ, раҳбари "Нерӯҳои демократии Сурия" низ ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфт, интизор дорад дар пайи кушта шудани Бағдодӣ, "ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи гурӯҳҳои хуфта" шиддат ёбад ва бинобар ҳамин, "ҳар чизе, аз ҷумла ҳамла ба зиндонҳо (ҷойи нигаҳдории тарафдорон ва наздикони ДОИШ дар шимоли Сурия), имконпазир аст.

Русия

Бо ин ҳол, Русия дар бораи хабари кушта шудани Абубакри Бағдодӣ ва ҳатто амалиёти Амрико шакку тардид кардааст. Сухангӯи вазорати дифои Русия гуфтааст, ин вазорат маълумоти дақиқе дар даст надорад, ки нишонгари амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар Идлиб бошад.

Ин сухангӯ ҳамчунин изҳороти Доналд Трампро дар бораи ҳамкории Русия дар парвози чархболи амрикоӣ дар ҳарими ҳавоии Сурия рад кард ва гуфт, "ин вазорат ҳеҷ маълумоте дар бораи ҳар гуна ҳамкории Русия бо чунин парвозе надорад".

Туркия

Як мақоми баланпояи Туркия гуфт, то онҷое, ки вай хабар дорад, Абубакри Бағдодӣ "48 соат" қабл аз амалиёти Амрико ба "ин маҳал дар Сурия" омада буд. Ин мақоми Туркия ҳамчунин гуфт, "ҳамкории наздик байни тарафҳои вобаста" боис шуд, ки артиши Туркия аз пеш дар бораи амалиёт огоҳ бошад.

Артиши Туркия дар "Твиттер"-и худ навиштааст, пеш аз оғози амалиёт, бо мақомҳои низомии амрикоӣ "ҳамкорӣ ва табодули маълумот" вуҷуд доштааст. Бино ба гузоришҳо, амалиёти куштани Абубакри Бағдодӣ дар шимоли шарқи Сурия ва дар чанд километрии марзи Туркия сурат гирифт.

Маҳалли хунолуди қатли раҳбари ДОИШ-ро нишон доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Ироқ

Як мақоми баландпояи истихборотии Ироқ низ гуфт, маълумоти ба дастомада аз як зиндонӣ, ба пайдо кардани макони будубоши Абубакр Ал-Бағдодӣ кумак кард.

Ба гуфтаи ин мақом, чанд моҳ қабл дар пайи ҳамлаи ҳавоии Амрико дар ғарби Ироқ, яке аз ёварони Ал-Бағдодӣ кушта шуд, аммо ҳамсари ин фард аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ боздошт ва сипас ба Ироқ супурда шуд.

Тибқи ин гузориш, ин зан яке аз сарриштаҳои аслӣ барои ёфтани ҷойи будубоши Ал-Бағдодӣ буд ва Ироқ ин маълумотро дар ихтиёри Амрико қарор дод.

Бритониё

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё ҳам гуфт, бо вуҷуди кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, ҷанг бо гурӯҳи ДОИШ ҳанӯз тамом нашудааст.

Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи қатли Абубакри Бағдодӣ, раҳбари ДОИШ, ки тақрибан ду ҳазор аз шаҳрвандони кишвар ба сафи ин гуруҳ пайваста буданд, ҳанӯз вокунише накардааст. Аммо баъзе аз коршиносон назари худро гуфтаанд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, қатли Абубакри Бағдодӣ барои гурӯҳи "Давлати исломӣ" бетаъсир намемонад. Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, бо куштани Бағдодӣ, ДОИШ маҳв намешавад, вале чун ӯ муҳаррики ин созмон буд ва аз онҷо, ки ҳамаи идеяҳо аз ҷониби ӯ пешниҳод ва қабул мешуд, ин созмон камқудрат мешавад.

Қодиров ин эҳтимолро дур намедонад, ки бо кушта шудани Ал-Бағдодӣ байни раҳбарони ин гурӯҳ барои муайян кардани ҷойгузини ӯ ихтилоф ба миён меояд ва он дар ниҳоят барҳам мехӯрад. Ин таҳлилгари тоҷик кушта шудани раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро барои мардуми Тоҷикистон "хабари хуш" гуфт, "зеро ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафҳои ин гурӯҳ кам хоҳад шуд".

Абдумалик Қодиров: "Қатли Абӯбакри Бағдодӣ хабари хуш аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

XS
SM
MD
LG