Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Муборизаи зидди гурӯҳи ДИИШ дар Сурия суръат бахшида мешавад


Амрикоиҳо мегӯянд, дар ин макон манзили Ал-Бағдодӣ буд

ИМА ният дорад муборизаи нирӯҳои эътилоф бар зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимолушарқи Сурияро суръат бахшад. Изҳороти як мақоми баландпояи Департаменти давлатӣ рӯзи 28 октябр, ду рӯз баъди амалиёти вижаи амрикоиҳо садо дод, ки дар натиҷаи он пешвои ин гурӯҳ Абубакри Бағдодӣ кушта шуд. Қарор аст дар як нишасти вазирони хориҷа рӯзи 14 ноябр рисолати ИМА баррасӣ шавад. Reuters мегӯяд, ки то ҳол гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла дар шаҳрҳои Парижу Ниса, Орландо, Манчестер, Лондон, Берлин, инчунин ҳамлаҳо дар Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Мисрро ба ӯҳда гирифтааст. Дар ҳамин ҳол Нирӯҳои демократии Сурия ба раҳбарии курдҳо гуфтанд, ки дар як амалиёти муштараки онҳо бо амрикоиҳо сухангӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам кушта шуд. Дар бораи дар амалиёти вижа кушта шудани Ал-Бағдодӣ президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод.

XS
SM
MD
LG