Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МакКензӣ: "Ҳамроҳ бо Бағдодӣ ду кӯдак кушта шуд"


Генерали амрикоӣ, ки масъулияти назорат аз амалиёти зидди раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абубакри Бағдодиро ба ӯҳда дошт, тафсилоти бештари амалиёти куштори ӯро нашр кард. Бағдодӣ рӯзи 26 октябр худкушӣ кард. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки замони амалиёт раҳбари гурӯҳи даҳшатафкан ба як нақби бастаи зеризаминӣ фирор кард ва нирӯҳои вижаи амрикоӣ роҳи ӯро бастанд.

Генерал Кеннет МакКензӣ, раҳбари фармондеҳии марказии ИМА рӯзи 30 октябр гуфт, ки бозмондаҳои ҷасади Бағдодӣ дар 24 соати баъди мурданаш дар обҳои баҳр “хоксупорӣ шуд”.

Пентагон нахустин аксу видеоҳоро аз амалиёти шабонгоҳӣ нашр кард. Дар яке дида мешавад, ки нирӯҳои Делта ба деворҳои ҳавлие наздик мешаванд, ки дар он Ал Бағдодиву дигарҳо пинҳон мешуданд. Дар видеои дигар дида мешавад, ки амрикоиҳо савори чархболҳо ба қароргоҳи Бағдодӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд.

Низомиён ҳамчунин баъди анҷоми амалиёт манзилро то нобуд шуданаш бомбаборон карданд, то ки ин макон ба маҳалли ибодат дар ҳақи Ал Бағдодӣ табдил нашавад. МакКензӣ гуфт, ки амалиёти низомиҳо дар Сурия тахминан як соат идома кард. Фармондеҳи амрикоӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо Ал Бағдодӣ, ки пеш аз марг камарбанди таркандаро ба кор андохт, ду кӯдак кушта шуд ва таъкид кард, ки шумори кӯдакони ҳамроҳи ӯ кушташуда як нафар камтар назар ба хабарҳои қаблан нашршуда буд. Аз дохили ин манзил 11 тифли дигар зинда берун оварда шуданд. МакКензӣ гуфт, ки чор зан ва ду марди дигаре, ки ҳамчунин камарбанди тарканда доштанд, нахостанд таслим шаванд ва даст ба худкушӣ заданд. Генерали амрикоӣ гуфт, ки саге, ки дар ин амалиёт иштирок карду маҷрӯҳ шуд, дубора ба фаъолияташ дар Фармондеҳии амалиёти вижа баргаштааст. МакКензӣ гуфт, ки дар дохили манзили Ал Бағдодӣ санад ва васоили техникӣ ошкор ва мусодира шуд.

XS
SM
MD
LG