Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери қазоқ пас аз шаш сол ба ватан баргашт ва боздошт шуд


Ермек Наримбой, блогер ва фаъоли сиёсӣ, ки соли 2016 Қазоқистонро тарк карда буд, ҳангоми бозгашт, рӯзи 6-уми феврал, дар фурудгоҳи шаҳри Алмато боздошт шуд.

Охири моҳи январ Наримбой дар саҳифаи "Фейсбук"-аш навишт, ки ба ватан бармегардад, чун ба "гуфтугӯи ҳукумат ва ҷомеа бовар дорад".

Дар пахши мустақим аз Киев, қабл аз парвоз, ӯ гуфт, ки эҳтимол боздошт шавад.

Ин блогери 51-сола гуфт, ки боздошти ӯ ба ҳукумати Қазоқистон обрӯ намеорад.

Ӯро соли 2015 барои барангехтани адовати миллӣ ба се соли зиндон маҳкум карда буданд. Соли 2016 ӯро бо шарти берун нашудан аз макони зист раҳо карданд, вале ӯ кишварро тарк кард. Ҳоло ӯро барои риоя накардани ин банди қонун боздошт кардаанд.

Моҳи январ дар Қазоқистон эътирози хунин пайваст. Пас аз ин эътироз Назарбоев, ки амалан ҳукуматро идора мекард, аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шуд.

XS
SM
MD
LG