Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар озодии ду ҳамҷинсгаро дар Чеченистонро хостанд


Солеҳ Муҳаммадови 20-сола ва Исмоил Исоеви 18-сола.
Солеҳ Муҳаммадови 20-сола ва Исмоил Исоеви 18-сола.

Беш аз сад ҳазор нафар дар як дархости интернетӣ барои озодии ду бародари ҳамҷинсгаро аз Чеченистон имзо гузоштаанд.

Дар маъракаи ҷамъоварии имзо аз мақомоти ИМА хостаанд, ки бо роҳи дипломатӣ фишор орад, то аз Боздоштгоҳи муваққатии Грозний Солеҳ Муҳаммадови 20-сола ва Исмоил Исоеви 18-соларо раҳо кунанд.

Муҳаммадов ва Исоев, ду бародаранд, ки яке ҳамҷинсгарост ва дигаре зоҳиран ҷинсашро иваз карданист.

Онҳоро аз шаҳри Нижний Новгород рабуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар Чеченистон шиканҷа шудаанд. Онҳоро дар назди дурбини наворбардорӣ маҷбур кардаанд, ки барои гардонандагии саҳифаи телеграми мухолифин узр пурсанд.

Мақомоти Чеченистон онҳоро дар кумак ба гурӯҳҳои мусаллаҳ айбдор мекунанд. Созмони “Мемориал” ин ду бародарро “зиндонии сиёсӣ” номидааст.

XS
SM
MD
LG