Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Озодӣ хост, мақолаҳои вобаста ба таҳқиқоти Навалнийро "бардорад"


Норозигии сокинони Русия аз эҷоди маҳдудиятҳо дар Интернет. Акс аз бойгонӣ
Норозигии сокинони Русия аз эҷоди маҳдудиятҳо дар Интернет. Акс аз бойгонӣ

"Роскомнадзор", ниҳоди нозир бар фаъолияти расонаҳо дар Русия, шоми шанбе, 4-уми феврал, таҳдид кард, ки агар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мақолаҳои вобаста ба таҳқиқоти сиёсатмадори зиндонӣ – Алексей Навалнийро "фавран" аз байн набарад, ҳафт сомонааш дар Русия, Украина ва Осиёи Марказӣ дастнорас хоҳад шуд.

Ин идора беш аз 60 огоҳиномаи имейлӣ фиристодааст.

Дар онҳо хоста шудааст, мақолаҳои вобаста ба таҳқиқоти Навалний аз сомонаи "Радио Свобода" ва "Настояшее Время", инчунин, сомонаҳои русизабони Радиои Озодӣ дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрими Украина, Қазоқистон ва Тоҷикистон бардошта шаванд.

Дар миёни мақолаҳо таҳқиқот дар мавриди "қаср"-и раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Баҳри Сиёҳ низ ҳаст. Мақолаҳои дигар ба тоҷири наздик ба Кремлин, Евгений Пригожин ва усқуф Кирилл ва мансабдорони баландпояи ниҳодҳои қудратии Русия рабт доранд.

Ба Радиои Озодӣ 24 соат вақт дода шудааст, даҳҳо мақола, ки ба гуфтаи "Роскомнадзор" қонунҳои зидди ифротгароӣ ва терроризмро дар Русия вайрон мекунанд, аз байн бибарад.

Радиои Озодӣ ин талабро, ки ба гуфтаи президенти радио, Ҷейми Флай, "сензураи сиёсӣ аст", иҷро намекунад.

"Роскомнадзор" дар рӯзҳои охир аз чанд расонаи Русия, аз ҷумла рӯзномаи "Новая газета", айни талабро кардааст.

Иқдоми ахир дар ҳолест, ки фишор болои Радиои Озодӣ, расонаҳои дигари мустақил ва рӯзноманигороне, ки дар Русия "агенти хориҷӣ" номида шудаанд, афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG