Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ду тир ба ҳаво дар шаби Соли нав". Ҷанҷоли полковники ВКД дар Ҷайҳун тасдиқ шуд


Даромадгоҳи ноҳияи Ҷайҳун(Қумсангири пешин)
Даромадгоҳи ноҳияи Ҷайҳун(Қумсангири пешин)

Додситонии вилояти Хатлон ҷанҷоли сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, полковник Пӯлод Барфиро дар шаби 31-уми декабри соли 2021 тасдиқ кард.

Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми январи имсол бо такя ба манобеаш хабар дода буд, ки моҷаро байни сардори ШКД ва сартабиби бемористони ноҳияи Ҷайҳун иттифоқ уфтод.

Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони вилояти Хатлон, рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҷанҷол бо раиси Додгоҳи ноҳия сар задааст.

Манобеи Радиои Озодӣ рад намекунанд, ки ҳангоми моҷаро "раиси суд ва сардори идораи амнияти ноҳия низ ҳузур доштаанд", вале мегӯянд, "он шаб Пӯлод Барфӣ ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст.

Додситонии вилояти Хатлон
Додситонии вилояти Хатлон

Муовини додситони вилояти Хатлон дар мавриди сартабиб ишорае накардааст. Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли ӯ навишт, "ҳодиса таҳқиқ шуда, мавод барои чораҷӯйӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шуд. Натиҷаашро, ба фикрам, медонед. Сардори ШКД дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ аз вазифааш озод гардид."

Ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора, ки оё дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё не, муовини додситони Хатлон гуфт, "масъалаи парвандаро аз Вазорати корҳои дохилӣ пурсед".

Дар ҳоле ки муовини додситон тафсилот надод, мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, сабаби муноқиша ин будааст, ки гуё кадом хеши сартабиби Ҷайҳун нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дошта, ба Пӯлод Барфӣ беэҳтиромӣ кардааст.

"Ҳодиса шаби Соли нав дар як тарабхонаи ноҳия рух додааст. Он ҷо раиси суди ноҳия ва сардори КДАМ дар ноҳия низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷанг байни ду нафарро халос карда, бо даъвати дигарон таппончаро аз дасти сардори ШКД гирифтаанд," -- гуфт яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш фош шавад.

Пӯлод Барфӣ рӯзи 5-уми январи имсол дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфта буд, “ҳеч ҷанҷоле набуд”. Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳияи Ҷайҳун, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз мақомоти тафтишотӣ пурсед, ки чӣ ҳодиса шудааст.”

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, то 3-юми январ ҳама иштирокчиёни ҳодиса онро пинҳон дошта, мақомоти додситонӣ дертар огоҳ шудаанд. Дар додситонии Хатлон гуфтанд, ки ҳамон шаб аз ҳодиса огоҳ шуданд ва онро таҳқиқ карданд.

Полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ ёздаҳ моҳ пеш ба вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Ҷайҳун таъин шуда буд. Ӯро ба ҷойи Неъматулло Солеҳзода, ки бо иттиҳоми "суистифода аз мансаб" дар қазияи кочоқи тило боздошт шуд, ба ин вазифа таъин карданд. Пеш аз ин, ӯ сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе буд.

XS
SM
MD
LG