Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори ШКД-и Ҷайҳунро боздошт кардаанд


Дар Вазорати корҳои дохилӣ хабари боздошти Неъматулло Солеҳзодаро расман тасдиқ ё рад накарданд

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Неъматулло Солеҳзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ), бо иттиҳоми "суистифода аз мансаб" дастгир шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2020 ба ин мақом таъин шуда буд.

Дар ҳоле ки дар Вазорати корҳои дохилӣ хабари боздошти Солеҳзодаро расман тасдиқ ё рад накарданд, манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонӣ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабарро таъйид намуданд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 11-уми март гуфт, "фармони боздошти ӯ аз сӯйи додситони кулли Тоҷикистон пас аз тафтиши парвандаи кочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар сурат гирифт."

Ҷузъиёти рабт доштани ин мақоми пулис дар кочоқи тиллову миллионҳо доллар ҳанӯз рӯшан нест, вале ноҳияи Ҷайҳун, ки шуъбаи корҳои дохилиашро роҳбарӣ мекард, дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Гузаргоҳи гумрукии “Панҷи Поён" низ дар ҳудуди ин ноҳия аст.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад. Ба маълумоти як манбаъ, Неъматулло Солеҳзода хеши наздики яке аз мансабдори баландпояи Тоҷикистон аст ва имкон дорад, ин хешовандӣ ба сарнавишти минбаъдааш таъсир гузорад.

Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун аз боздошти Солеҳзода изҳори бехабарӣ карданд, вале тасдиқ карданд, ки се рӯзи охир дар кор нест. Ду шумораи мобилии ӯ рӯзи 11‑уми март фаъол набуданд.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, “шахсан дар ин бора хабар надорад”.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи ноябр як гурӯҳеро боздошт кард, ки ба гуфтаи мақомот, талош доштанд, 90 кило тилло ва 15 миллион долларро ба Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол диҳанд.

Ин қазия замоне доғ шуд, ки расонаҳои Афғонистон навиштанд, молҳои мусодирашуда дар Душанбе ба Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони ин кишвар таалуқ доранд. Ин мақомдори Афғонистон, ки ҳоло мақомашро аз даст дод, дар охири моҳи феврал ҳангоми сафар ба Душанбе ин иттиҳомро рад кард.

Ӯ дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, молу маҳсулоти, ба қавли мақомоти тоҷик, кочоқӣ ба ӯ тааллуқ надорад.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, парвандаи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар, ки дар кочоқи он нӯҳ нафар муттаҳаманд, барои баррасӣ дастрас шудааст. Аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, боздоштшудаҳо шаҳодат додаанд, ки аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли гузашта “дар 36 маврид 1200 кило тилло ва 112 миллион долларро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Иморати Муттаҳидаи Араб бурдаанд".

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар ин робита парвандаи алоҳида боз шудааст ва тафтиш идома дорад.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG