Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории сардори ШКД ва муовинаш. Арчаи солинавиро кӣ сӯзонд?


Сӯхтори арчаи солинавӣ дар Вахш
Сӯхтори арчаи солинавӣ дар Вахш

Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш (вилояти Хатлон) ва муовини ӯро барои пешгирӣ накардан аз сӯхтори арчаи солинавӣ аз мансаб рондаанд.

Қарори барканории Алишер Неъматзода ва Сафар Абдуллоев ҳафтаи гузашта содир шуд. Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш рӯзи 3-юми январ сӯхт. Сабабашро оташбозии ноболиғон номиданд.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми январ гуфтанд, сардори ШКД-и ноҳияи Вахш ва муовини ӯ барои таъмини бехатарӣ дар назди арча навбатдор нагузоштаанд ва "ин камбудии ҷиддӣ ҳисоб мешавад".

Алишер Неъматзода дар тамоси телефонӣ ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи барканориаш посух надод.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, барканории ӯро тасдиқ кард, вале гуфт, ин "тағйироти маъмулии кадрӣ буд".

Навори сӯхтани арча дар маркази ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва вокуниши зиёд ба бор овард. Бисёриҳо бо далели ихтилофи ифротгароён бо гузоштани арча ҳадс заданд, ки эҳтимол кори онҳост. Мақомот гуфтанд, се кӯдак ҳангоми оташбозӣ "аз беэҳтиётӣ ин корро кардаанд".

Намозалӣ Салимов, сардори Идораи оташнишонии ноҳияи Вахш, рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "нисбат ба волидони кӯдакон протокол барои ҳуқуқвайронӣ тартиб дода шудааст."

Аз аввали имсол Алишер Неъматзода дуюмин сардори ШКД дар вилояти Хатлон аст, ки аз мақом барканор мешавад.

Аз ин пеш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Пӯлод Барфӣ, сардори ШКД-и ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин)-ро аз мансаб барканор карда буд. Ӯ ба он муттаҳам мешавад, ки зимни даъвое дар шаби 31-уми декабри соли 2021 ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст. Рафтори ӯро Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG