Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сабукӣ”-ҳо ва “сахтӣ”-ҳои Омикрон дар ҷаҳон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сарфи назар аз афзоиши сирояти навъи “Омикрон”-и коронавирус, як идда кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Норвегия ва Фаронса, маҳдудиятҳои марбут бо пандемияи COVID-19-ро кам карданд.

Ба қавли мансабдорони ин кишварҳо, ҷомеа бояд ба ҳамзистӣ бо коронавирус омода бошад.

Дар ҳамин ҳол, Имороти Муттаҳидаи Араб ва ба вижа Дубай, талаботи сафар ба ин кишварро сахттар кард.

Тибқи иттилои ширкатҳои ҳавопаймоии Emirates ва FlyDubai, барои ворид шудан ба Дубай аз мусофирон нусхаи чопии натиҷаи манфии PCR Test талаб карда мешавад.

Илова ба ин, эътибори ташхиси PCR Test тибқи талаботи нав, аз 72 то 48 соат кам карда шуд. Баробари расидан ба Иморот, сайёҳон аз санҷиши бепули коронавирус гузашта, то ба даст овардани натиҷаи манфии он бояд аз гаштугузор худдорӣ варзанд.

Дубай яке аз маконҳои маъруфи сайру саёҳат ва истироҳату тиҷорати баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳаст. Аз Душанбе ба Дубай парвози мустақими ҳавопаймоҳо амал мекунад.

XS
SM
MD
LG