Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: Дар 25 сол то 160 миллиард долларро ба офшор бурдаанд


Бинои порлумони Қазоқистон.
Бинои порлумони Қазоқистон.

Дар ҷаласаи порлумони Қазоқистон рӯзи 2-юми феврал аз зарурати "ба кишвар баргардонидани маблағҳои дуздидашуда" гуфтугӯ карданд.

Дар порлумон ҳамчунин аз "Авроқи Панама" ёдовар шуданд, ки дар он номи духтар ва набераи президенти пешини Қазоқистон зикр шудааст.

"Ба иттилои созмони Tax justice network, дар 25 соли охир аз Қазоқистон наздик ба 140-160 миллиард доллар ба офшорҳо бурда шудааст", - гуфт Мақсад Раҳмонқулов, вакили порлумони Қазоқистон.

Раҳмонқулов гуфт, маблағи ба офшорҳо бурдашуда баробар ба яксола Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қазоқистон ва қарзи хориҷии ин кишвар аст.

"Бино ба хабарҳои мухталиф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дар 5 соли охир, аз рӯи далели ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдани сармоя, бештар аз 200 парванда боз кардаанд. Аммо маълум нест, ки оё маблағе баргардонида шудааст ё не. Фраксияи мо (ҳизби Оқ жоли Қазоқистон) дар порлумон борҳо масъалаи маъруф ба "Авроқи Панама", "Парвандаи биҳишт"-ро бардоштааст, ки ба суратҳисобҳои қазоқистониҳо дар бонкҳои Швейтсария ва ғайра рабт дорад", - афзуд вакил.

Раҳмонқулов гуфт, овозаҳое ҳаст, ки "дар давраи ҳаводиси моҳи январ сарватмандони ошкорову пинҳонӣ на танҳо Қазоқистонро бо ҳавопаймоҳои хусусӣ тарк карданд, балки як миқдор маблағи бузургро ҳам ба таври фаврӣ ба суратҳисобҳои хориҷӣ интиқол доданд".

Ин дар ҳолест, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як мулоқот бо тоҷирони он кишвар рӯзи 21-уми январ гуфт, 162 кас нисфе аз сарвати Қазоқистонро дар ихтиёр доранд ва "сатҳи ғайри қобили қабул"-и фосила байни сарватмандону фақирон боиси эътирозҳои хунуни зиддиҳукуматӣ дар ибтидои моҳи январ шуд.

Баъди ҳаводиси моҳи январ, ки боиси марги 227 одам шуд, Тоқаев гуфт, ки дар Қазоқистон бунёди "Мардуми Қазоқистон" ташкил мешавад ва сарватмандон ба ин бунёд сармоягузорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG