Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф: "Амнияти донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон таъмин нест"


Бинои яке аз донишгоҳҳои Қирғизистон.
Бинои яке аз донишгоҳҳои Қирғизистон.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз донишҷӯён хост, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд, "чун амнияти онҳо таъмин намешавад".

Солҳои гузашта ҳудуди 2 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои Қирғизистон мехонданд ва бо баста шудани марзи ин кишвар дар таҳсили онҳо низ мушкил пеш омад.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, рӯзи 3-юми феврал гуфт, он донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, баъди муроҷиат дар донишгоҳҳои кишвар ҷой дода шуданд.

Ӯ афуд, "ҳатто баъзе аз ин донишҷӯён ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонистанд, аммо сарфи назар аз ин, дархости онҳо барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо қонеъ карда шуд."

Вазири маориф батакрор аз донишҷӯёни тоҷик ва волидони онҳо хост, ки феълан аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоянд: "Амнияти шаҳрвандони мо дар Қирғизистон таъмин намешавад. Бо ҳар баҳона ба онҳо фишор меоранд. Аз расонаҳо огоҳ шудем, ки як донишҷӯдухтари мо, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин таҳсил мекунад, баъди рафтан ба онҷо дастгир шудааст. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, ба он кишвар нараванд, ягон ҳолати нохуш нашавад."

Мушкил дар таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон баъди моҳи майи соли гузашта сар зад. Дар ин моҳ Қирғизистон марзҳои худро баъди як муноқиша ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз вокуниш накардааст. Пештар мақомоти Қирғизистон гуфтанд, сарфи назар аз баста будани марз ба донишҷӯёни тоҷик иҷозат додаанд, ки вориди ин кишвар бишаванд.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар тақрибан як соли охир ба сардӣ печидааст. Моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG