Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия хостанд, ба Украина ҳамла накунад


Тазоҳурот ба зидди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина. Олмон, 30-юми январи 2022
Тазоҳурот ба зидди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина. Олмон, 30-юми январи 2022

Беш аз ду ҳазор нафар, аз ҷумла фаъолони барҷастаи ҳуқуқи башари Русия, аз Кремл хостаанд, ки аз оғози ҷанги, ба гуфтаи онҳо, "ҷинояткорона" алайҳи Украина худдорӣ кунад.

Конгресси равшанфикрони Русия баёнияи худро дар ин маврид дар охири ҳафтаи гузашта нашр кардааст.

Русия беш аз сад ҳазор сарбозашро дар наздикии марз бо Украина ҷо ба ҷо кардааст. Маскав гуфта, ки намехоҳад ба Украина ҳамла кунад, аммо кишварҳои ғарбӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Маскав нигаронанд.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, аз мардуми кишвараш хостааст, ором ва муттаҳид бимонанд. Ӯ рӯзи 1-уми феврал гуфт, раҳбарони саросари ҷаҳон барои пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Русия ба ин кишвар кӯшиш мекунанд.

Зеленский дар суханронӣ дар порлумони кишвараш афзуд, умед дорад, нишасти гуруҳ ё чаҳоргонаи Нормандӣ битавонад, роҳи ҳалро барои коҳиши танишҳо миёни Киев ва Маскав дарёбад. Ба гуруҳи Нормандӣ Русия, Украина, Фаронса ва Олмон шомиланд.

XS
SM
MD
LG