Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколати раиси порлумони Қазоқистон пеш аз муҳлат қатъ шуд


Нурлан Нигматулин.
Нурлан Нигматулин.

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон ваколати Нурлан Нигматулинро, ки раиси маҷлис - палатаи поёнии порлумони он кишвар буд, пеш аз муҳлат қатъ кард. Раиси нави маҷлиси Қазоқистон Ерлан Кошанов интихоб шудааст, ки қаблан дастгоҳи президенти он кишварро раҳбарӣ мекард.

Вакилони порлумони Қазоқистон аз номзадии Кошанов ба мақоми раисии маҷлис, ки аз сӯи ҳизби ҳокими "Нур Отан" пешбарӣ шуда буд, "якдилона" ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳизби "Оқ жол"-и Қазоқистон аз пешбарии номзад худдорӣ карда, гуфт, "бефоида аст. Зеро аксари курсиҳои порлумонро ҳизби ҳоким дар ихтиёр дорад".

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев чанде пеш фармони барканории Кошановро аз вазифаи раисии дастгоҳи раисҷумҳур содир карда буд. Дар фармон гуфта мешуд, ки Кошанов "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" барканор шудааст.

Ба ҷои Кошанов Мурат Нуртлеу, ки чанд ҳафта пеш муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъйин шуда буд, раиси дастгоҳи президент интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG