Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи кормандони ҳукумати ИМА Беларусро тарк мекунанд


Сафорати Амрико дар Минск
Сафорати Амрико дар Минск

Департаменти давлатии Амрико дастур додааст, хонаводаи хидматчиёни давлатии ин кишвар ба далели "нигарониҳо аз фаъолиятҳои Русия дар марз бо Украина" Беларусро тарк кунанд.

Дар ин бора сомонаи департамент хабар додааст. Амрико қаблан ба шаҳрвандони худ тавсия дода буд, ки ба далели пандемияи коронавирус ва "иҷрои худсаронаи қонунҳо" ба Беларус сафар накунанд. Ҳоло ба он омили дигар, "вазъ дар марз бо Украина" илова шуд.

Пештар сафорати ИМА дар Киев аз амрикоиҳо даъват карда буд, ки Украинаро тарк кунанд. Зеро ба гуфтаи сафорат, таҳдидҳои ношӣ аз фаъолиятҳои низомии Русия "пешгӯинашаванда боқӣ мемонанд".

ИМА берун бурдани хонаводаи дипломатҳои худро аз Украина оғоз кард. Бритониё, Олмон ва Австралия низ хабар доданд, ки хонаводаи дипломатҳояшон ба иллати афзоиши таҳдидҳо аз сӯи Русия қаламрави Украинаро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG