Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон 63 маҳбусро афв карданд


Яке аз зиндонҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз зиндонҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон фармони афви 63 маҳбусро имзо кард, ки аз карда пушаймону ислоҳ шудаанд. Дар ин бора телевизионҳои давлатии Узбекистон хабар доданд.

Дар асоси ин фармон 44 кас аз зиндон ба озодӣ баромада, муҳлати ҳабси 19 каси дигар кам шудааст. Дар гузориши телевизионҳои Узбекистон гуфта шуд, ки афвшудаҳо ба зиндагӣ омода гардида, дар маҳбас касб омӯхтаанд.

Ба ҷуз ин, авфшудаҳо метавонанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва барои роҳандозии тиҷорати худ аз бонк қарз гиранд.

Соли гузашта дар Узбекистон дар остонаи Рӯзи Конститутсия 182 маҳбусро афв карда буданд.

XS
SM
MD
LG