Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷасади писарамро аз гӯр баровардед, баъд чӣ шуд?" Пурсишу посухи модари Гулбиддин бо раиси ВМБК


Модари Гулбиддин Зиёбеков қаблан шикоят дошт, ки арзашро дар ҳукумати Бадахшон нашуниданд
Модари Гулбиддин Зиёбеков қаблан шикоят дошт, ки арзашро дар ҳукумати Бадахшон нашуниданд

Ба модари Гулбиддин Зиёбеков, сокини кушташудаи ноҳияи Роштқалъа, гуфтаанд, ки парвандаи марги писарашро шаш додситон таҳқиқ доранд. Зиёбеков моҳи ноябри соли 2021 дар пайи амалиёти нерӯҳои интизомиву амниятӣ кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карда, амалиёти боздошташро қонунӣ шумурданд. Пайвандонаш розӣ нестанд ва кушта шудани ӯро амали барқасдона мепиндоранд.

Ба раиси вилоят чӣ гуфту чӣ шунид?

Певистамо Абдулмуъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи тафтиши парвандаи марги писараш ба ӯ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонабот, хабар додааст. Мегӯяд, оқои Мирзонабот ӯро 25-уми январ ба ҳузур пазируфт.

“Ҳамроҳи ман ду ҷавоне, ки дар ҳодисаҳои 25-28-уми ноябр захмӣ шуда буданд, низ ҳузур доштанд. Мақомот ба суолҳои ман гӯш доданд,” -- нақл кард хонум Абдулмуъминова.

Як намояндаи ҳукумати Бадахшон мулоқоти раиси вилоятро бо модари Гулбиддин Зиёбеков тасдиқ кард, аммо гуфт, аз ҷузъиёташ хабар надорад. Кӯшишҳои мо барои фаҳмидани асли воқеа аз мақомот то ин дам бенатиҷа буд.

Дар ҳамин ҳол, модари Гулбиддин Зиёбеков мегӯяд, дар мулоқоти онҳо асосан шеваи кушта шудани писараш ва расидагӣ ба парвандаи марги ӯ баҳс шуд. “Аз Алишер Мирзонабот пурсидам, ки модар дорӣ? Гуфт, бале. Пурсидам, фарзанд дорӣ? Ҷавоб дод, ки чаҳор фарзанд дорад. Гуфтам, пас, чаро фарзанди ман бо бераҳмӣ кушта шуд ва мақомот тафтишотро пеш намебарад? Вай посух дод, ки тафтиши парванда идома дорад,” – гуфт ӯ.

"Касе ҳозир нашуд, ки посух диҳад"

Певистамо Абдулмуъминова афзуд, баъди мулоқоташ бо раиси ВМКБ хост, ҷараёни таҳқиқи парвандаро аз додситонҳо бипурсад, вале муаяссар нашудааст: “Мехостам, бипурсам, ки ҷасади фарзандамро аз гӯр баровардед, тафтиш кардед, баъд чӣ шуд? Касе ҳозир нашуд, ки посух диҳад.”

Пештар як намояндаи Доситонии вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки муфаттишон баъд аз таътили солинавӣ таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғро аз сар гирифтанд. Аз ҷумла, парвандаи марги Гулбиддин Зиёбековро.

Дертар “Комиссияи 44”, иборат аз намонядагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, муфаттишон бурида шудани чанд дарахт ва амалкарди эътирозгаронро баррасӣ доранд, аммо қазияи кушта шудани Гулбиддин Зиёбекову ду нафари дигар ва маҷруҳ шудани чанде аз мардум матраҳ нест.

Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи “Комиссияи 44”, 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “бале, муфаттишони Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба Хоруғ баргаштанд ва бояд ба қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков таваҷуҳ мекарданд, аммо нашуд.”

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Тавдеми Роштқалъа кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ тақрибан як сол пеш ёвари додситони ноҳияро гаравгон гирифта буд ва бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ ҷустуҷӯ мешуд, вале дар амалиёти боздошт бо силоҳ муқобилият нишон доду кушта шуд.

Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, он рӯз дар дасти Гулбиддин Зиёбеков силоҳ надида буданд. Дар телевизиони давлатии "Бадахшон" ҳамчун далел як таппончаро бо тиру тирдонаш намоиш дода, гуфтанд, ки он ба Гулбиддин Зиёбеков тааллуқ дорад.

Кушта шудани Зиёбеков боиси тазоҳуроти чаҳоррӯза дар майдони марказии Хоруғ шуд. Эътирозгарон хоҳони боздошту муҷозоти омилони маргаш шуданд. Тазоҳурот 28-уми ноябр хотима ёфт, аммо баҳсу пайомадҳои он, аз ҷумла норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шеваи таҳқиқ ва набудани Интернет, ҳанӯз идома дорад.

XS
SM
MD
LG