Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА гуфт, Русия нерӯҳояшро дар Беларус афзоиш медиҳад


Линда Томас-Гринфилд

Сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Русия қасд дорад, дар чаҳорчӯби таҳдидаш ба Украина, то нимаи моҳи феврал шумораи нерӯҳояшро дар Беларус ба 30 ҳазор нафар афзоиш диҳад.

Вай ҳамзамон таъкид кард, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш вокуниши зуд ва қатъӣ хоҳанд дод.

Линда Томас-Гринфилд 31-уми январ аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, на танҳо изҳороти Русияро дар робита ба мавқеаш дар баробари Украина, балки амалкардҳояшро низ арзёбӣ кунад.

Томас-Гринфилд гуфт, таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз бо Украина “бузургтарин сафарбаркунии нерӯҳо дар даҳсолаҳои охир дар Аврупо аст”. “Ҳоло, ки мо суҳбат мекунем, Русия нерӯ ва аслиҳаи боз ҳам бештар мефиристад," – афзуд ӯ.

Русия пештар саъй карда буд, монеи баргузории ҷаласаи Шӯро бишавад.

Василий Небензия, сафири Русия дар Созмони Милал, Амрикоро муттаҳам кард, ки "воҳима бармеангезад". Вай ин нишастро беасос хонд, вале аз 15 узви Шӯро 10 узви он ба ҷонибдорӣ аз дархости Амрико рой доданд.

XS
SM
MD
LG