Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони гузориши Радиои Озодӣ "ҷип"-ашро аз даст дод, аммо соҳиби хона шуд. ВИДЕО


Акси Саломат Раҷабова: Ҳоло ва гузашта
Акси Саломат Раҷабова: Ҳоло ва гузашта

Як гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2021 зиндагии занеро, ки дар хонаи иҷора мезист ва барои рӯзгузаронии худу кӯдаконаш коғаз ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ меовард, тағйир дод. Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи Душанбе, ҳоло соҳиби хонаи сеҳуҷраӣ шудааст. Мегӯяд, ба ӯ шахсони хайрхоҳ ёрӣ доданд.

Дар фикри пайдо кардани кори беҳтар

"Пештар бо азобе зиндагиро пеш мебурдам. Вақте омада, ба навор гирифтед ва нишон додед, зиндагиям бисёр хуб шуд. Ба ёрии Шумо ва кумаки одамони хайрхоҳ," – нақл кард хонум Раҷабова рӯзи 27-уми январ.

Вай мегӯяд, шахсони хайрхоҳ дар аввал ба ӯ либосу хӯрок доданд ва сипас муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои харидани хона маблағ ҷамъ карданд. "Ҳисоби бонкӣ кушоданд. Аз байн 10-15 рӯз гузашт, оҳиста-оҳиста маблағ ҷамъ шуд," – ба ёд овард ӯ.

Аробае, ки Саломат Раҷабова онро "ҷип" меномад
Аробае, ки Саломат Раҷабова онро "ҷип" меномад

Саломат зуд-зуд ба назди биное меравад, ки манзили наваш дар онҷост ва сохтмони он ҳанӯз идома дорад. Девори бино пурра бардошта шуда, корҳои дохили бино ҷараён дорад. Мегӯяд, ҳоло дар фикри пайдо намудани кори беҳтар аст.

"Ароба набуд, "ҷип" буд"

Ин зан то як моҳ пеш миёни издиҳоми мошинҳо ва равуои зиёди сокинон ҳамроҳи Фотимаву Зуҳрои сесола ва духтари панҷмоҳааш, ки дар як кунҷи ароба буданд, ҳангоми ҷамъоварии коғазу зарфҳои пластикӣ гоҳе ба хатар рӯ ба рӯ мешуд. Писари 9-солааш, ки дар ҷое таҳсил намекунад, низ ба модар ёрӣ медод.

Аробае, ки гардиши зиндагии ин зан ба гардиши чархҳои он бастагӣ дошт, акнун дар дасти ӯ нест: "Аробаамро ба як савдогари "Корвон" ба иҷора додам. Ҳар моҳ 150 сомонӣ медиҳад. Вақте ароба мегӯед, хеле зиқ мешавам. Онро "ҷип" мегуфтам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Зани аробакаш бо ёрии хайрхоҳон соҳиби манзил шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Саломат Раҷабова мегӯяд, ҳоло аз сарзанишҳои одамон, ки гумон доштанд, ӯ ба хотири дарёфти ёрӣ бо кӯдакон ба кор мебарояд, раҳо шудааст. "Ҳозир дар бозор бинанд, табрик мекунанд. Мегӯянд, Саломат соҳиби хона шудӣ. Мегӯям, Худованд ба Шумо ҳам диҳад. Мегӯянд, Радиои Озодӣ зӯр будааст, мушкили одамонро ҳал мекардааст," – гуфт ӯ.

ӯдаконро ба мактаб медиҳам"

Ҳамсуҳбати мо пештар гуфта буд, ягона ҳадафаш бо меҳнати ҳалол таъмин намудани фарзандон бо нону либос аст. Ҳоло нақшаву ниятҳояш дигар шудааст: "Мехоҳам, хонаро зудтар таъмир карда, кӯдаконро ба боғча супорам. Писарамро ба мактаб диҳам."

Манзили навро дар инҷо месозанд
Манзили навро дар инҷо месозанд

Хонум Раҷабова тақрибан ду сол пеш аз шавҳараш ҷудо шудааст. Пайвандонаш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Ба нақли ӯ, модараш бознишаста буда, се хоҳар ва як бародараш аз пайи зиндагии худанд. Танҳо мактаби миёнаро хондааст. Пеш аз издивоҷ низ, ба қавли худи ӯ, зиндагии хуб надошт.

Дар Тоҷикистон шахсоне ба монанди Саломат Раҷабова, ки зиндагии мушкилеро паси сар мекунанд, кам нестанд. Онҳо мегӯянд, ёрии давлат кофӣ нест. Муҳоҷирон ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳ мегӯянд, ҳарчанд дасташон барои кумак ба ҳама намерасад, ба бисёре аз корафтодаҳо "не" намегӯянд.

XS
SM
MD
LG