Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ гуфт, дар паси мушкилоти иқтисодии Эрон тасмимҳои хато аст


Оятуллоҳ Хоманаӣ ва Иброҳим Раисӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ ва Иброҳим Раисӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи 30-январ зимни як суханронӣ гуфт, ки оморҳои иқтисодии даҳ соли гузашта "хурсандкунанда" нест ва дар ин амр "мақомоти давлатӣ"-ро гунаҳкор кард.

Ӯ, ки бо масъулини бахши иқтисод ва саноат суҳбат мекард, гуфт, агар дар ин солҳо масъулони давлатӣ талоши бештар мекарданд, вазъият аз ин ки имрӯз ҳаст, "қатъан беҳтар буд".

Раҳбари Эрон бештари мушкилоти иқтисодиро ба таҳримҳои Амрико ва таҳримҳои дигари байнулмилалӣ рабт дод, аммо аз мақомоти давлатӣ интиқод намуд.

Ӯ дар гузашта дар чандин муносибат аз ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ барои нокомӣ дар барномаи иқтисодӣ интиқод карда буд. Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҷумла гуфта буд, масъулони ҳукумат бояд пеш аз талош барои рафъи таҳримҳо, ба фикри хунсо кардани таҳримҳо бошанд ва аз "иқтисоди муқовиматӣ" ба унвони роҳи ҳал ном бурдааст.

Эрон пеш аз созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳадафи таҳримҳои шадид аз сӯи Созмони Милал ва ҳамчунин кишварҳои дигар қарор гирифт.

Амрико дар соли 2018 аз ин созиш берун шуд ва зидди Эрон таҳримҳои сахттари иқтисодӣ ҷорӣ кард. Созиши ҳастаӣ дар замони президентии Ҳасани Рӯҳонӣ сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG