Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ мушак партоб кард, Кореяи Ҷанубӣ ҷаласа даъват намуд


Кореяи Шимолӣ рӯзи 30-юми январ ба сӯи баҳри Шарқӣ як мушаки ношинохта партоб кард. Дар ин бора хабаргузории "Ренхап" бо такя ба мақомоти Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ дод. Коршиносон гуфтаанд, Кореяи Шимолӣ мушаки болдор партоб кардааст.

Мақомоти Ҷопон гуфтанд, мушак дар баландии 2 километр ва масофаи 800 километр парвоз ва дар минтақаи беруни иқтисодии Ҷопон суқут кардааст.

Президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти кишварашро даъват карда, гуфтааст, Кореяи Шимолӣ "қадаме сӯи даст кашидан аз уҳдадориҳои қатъи партоби мушакҳои болдори байниқоравӣ анҷом додааст".

"Кореяи Шимолӣ то ин замон қатъи озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва партоби мушакҳои байниқоравии болдорро риоя мекард. Вале агар онҳо дар воқеъ мушаки болдор партоб карда бошанд, мо метавонем хулоса кунем, ки аз уҳдадориҳо даст кашидаанд", - гуфтааст президенти Кореяи Ҷанубӣ.

Вай ҳамзамон аз Кореяи Шимолӣ даъват кардааст, ки дар нимҷазираи Корея ҳолати ташаннуҷ ба бор наорад ва ба даъватҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба гуфтугӯ посух диҳад. Партоби рӯзи якшанбе дар маҷмуъ ҳафтумин партоби мушаки Кореяи Шимолӣ аз оғози соли 2022 буд.

XS
SM
MD
LG