Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири НАТО гуфт, ба Украина нерӯ намефиристанд


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО. Акс аз 12-уми январи 2022
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО. Акс аз 12-уми январи 2022

Дабири кулли НАТО гуфт, агар Русия ба Украина ҳамла кунад, ин паймони низомӣ ба Киев нерӯ нахоҳад фиристод.

Йенс Столтенберг рӯзи 30-юми январ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, "мо нақшаи ҷойгир кардани нерӯҳои НАТО-ро дар Украина надорем... Тамаркузи мо ба расондани кумак аст." Ӯ афзуд, "миёни узви НАТО будан ва шарики қавиву боарзише ба мисли Украина фарқ вуҷуд дорад."

Изҳороти Столтенберг дар авҷи танишҳо миёни НАТО ва Маскав садо дод. Русия беш аз 100 ҳазор сарбозашро дар сарҳади Украина гирд овардааст ва ин нигарониҳоро дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина афзудааст.

Кремлин, ки нақшаи ҳамлаашро ба мисли соли 2014 (ҳангоми тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина) рад кард, дар музокироти ахир бо Вашингтон ва НАТО поёфишорӣ намудаасӣ, кафолат диҳанд, ки Украина ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ ба ин паймон шомил нахоҳанд шуд.

Украина кӯшиш дорад, узви НАТО бишавад, аммо ба ӯ Нақшаи амалро пешниҳод накардаанд. Чизе, ки роҳашро барои даромадан ба паймони низомии ғарбӣ ҳамвор мекунад.

Вашингтон гуфтааст, кишварҳои мустақил ҳаққи интихоби ворид шудан ба ин ё он иттиҳоди низомиро доранд. НАТО гуфтааст, дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, омодааст, ҳузури нерӯҳояшро дар кишварҳои узв дар Аврупои Шарқӣ афзоиш бидиҳад.

XS
SM
MD
LG