Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 узви Маҷлиси Эрон ба омикрон мубтало шудаанд


Порлумони Эрон. Акс аз моҳи августи 2021
Порлумони Эрон. Акс аз моҳи августи 2021

30 узви Маҷлис ё порлумони Эрон ба омикрон, навъи ҷаҳишёфтаи коронавирус, мубтало шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", вакили Маҷлис Абулфазл Абуторобӣ рӯзи 30-юми январ гуфтааст, ин гуруҳи вакилон дар карантин ҳастанд.

Вай афзудааст, саъй доранд, тамоми аъзои Маҷлисро аз коронавирус ташхис кунанд, то аз паҳншавии густурдаи COVID-19 пешгирӣ шавад.

Ҳукумати Эрон дар пасманзари афзоиши гирифторӣ ба коронавирус чораҳои навро баррасӣ дорад. Ин вазъ пас аз пайдо шудани навъи омикрон пеш омадааст.

Аз оғози пандемия, дар аввали соли 2020, дар Эрон беш аз 6,3 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуда, зиёда аз 132 ҳазор кас ҷони худро даст додаанд.

XS
SM
MD
LG