Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 ҳазор кӯдак дар ҷанги Яман


Яман
Яман

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише гуфтааст, аз моҳи январи соли 2020 то моҳи майи соли 2021 дар ҷараёни ҷангҳои Яман ҳудуди ду ҳазор кӯдак кушта шудаанд.

Дар гузориш омадааст, ки кӯдаконро шӯришиёни ҳусӣ, гуруҳи зери ҳимояти Эрон, ҷалб карда буданд.

Гузориш 29-уми январ ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешкаш шуд.

Дар бахше аз он омадааст, шӯришиёни ҳусӣ талош карданд, барои бархӯрд бо ҳукумати Яман лагерҳо ва барномаҳои омӯзиши ҷангро барои ҷавонону кӯдакон ба роҳ монанд.

Ҳукумати Яман, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст, аз соли 2014 ба ин сӯ шоҳиди ҷанг бо ҳусиҳо аст. Ин гуруҳ ҳашт сол пеш шаҳри Санъо, пойтахти Яманро ишғол карда буд.

XS
SM
MD
LG