Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷик дар Тошканд рақиби қирғизистонияшро шикаст дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки рӯзҳои 22-29-уми январ дар Қасри варзиши “Универсал”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, 11 медал ( 1 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё 109 муштзан аз 12 кишвари қора - Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қирғизистон, Кувайт, Малайзия, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Урдун, Ҷопон, Шри-Ланка ва Узбекистон – ширкат доштанд.

Аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, як нафар медали тилло гирифт. Муштзани ҷавони тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар рақибаш Рустам Урусбек уулу аз Қирғизистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Дар финал панҷ варзишгари тоҷик дар сабқати мардон қувваозмоиро ба рақибони худ аз Узбекистон бохтанд. Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51 кг) аз Муҳаммадқодир Мамирҷонов, Абдумалик Болтаев (-75 кг) аз Абдулазиз Абдуфаттоев, Некрӯз Салимов (-80 кг) аз Ҷасурбек Юлдошев, Шаҳбоз Ҳаитов (-86 кг) аз Темур Мирҷонов ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) аз Ҷаҳонгир Зокиров шикаст хӯрда, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Инчунин дар даври ниҳоӣ Сумайя Қосимова, ки дар сабқати занон дар вазни -48 кг аз Фарзона Фозилова (Узбекистон) мағлуб шуд, медали нуқра гирифт.

Чаҳор варзишгари дигари тоҷик - Хусравхон Раҳимов (-57 кг) ва Расул Аҳадов (-67 кг) дар сабқати мардон, Ҳусния Холова (-52 кг) ва Малика Нозимова (-63 кг) дар сабқати занон, ки дар даври

ниманиҳоӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд, барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо касби 16 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ғолиб шуд. Бояд гуфт, ки дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё (U-22) яке аз дастаҳои пурзӯри қора - мунтахаби Қазоқистон - иштирок накард.

XS
SM
MD
LG