Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 голи беҷавоби мунтахаби Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон


Қаблан дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бозиро ба мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:4 бохт ва аз медалҳои биринҷӣ маҳрум гашт
Қаблан дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бозиро ба мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:4 бохт ва аз медалҳои биринҷӣ маҳрум гашт

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври охирини қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 28-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, бозиро ба мунтахаби Эрон бо ҳисоби 0:9 бохт. Дар бозии дигари даври шашум мунтахаби Узбекистон ба дарвозаи дастаи Қирғизистон даҳ голи беҷавоб зад.

Дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе як ҳафта идома кард, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат дошт.

Бозиҳои даври охирин мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. Мунтахаби Эрон, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 16 имтиёз мақоми аввалро касб намуд, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид. Ҳамчунин ба мунтахаби Эрон ҷоизаи «Fair Play» супурда шуд.

Мунтахаби Узбекистон, ки бо 13 имтиёз мақоми дувумро азони худ кард, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, медалҳои биринҷиро соҳиб шуд.

Мафтуна Шоимова аз дастаи мунтахаби Узбекистон, ки 9 гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид. Ҷоизаи MVP ба Фаришта Каримӣ аз тими мунтахаби Эрон, ки аз шаш бозӣ дар чаҳортоаш бозигари беҳтарин эътироф гашт, супурда шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1

Узбекистон – Эрон – 2:5

Даври 2-юм

Қирғизистон – Узбекистон – 0:11

Эрон – Тоҷикистон – 12:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 1:8

Қирғизистон – Эрон – 0:10

Даври 4-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 5:0

Эрон – Қирғизистон – 5:0

Даври 5-ум

Қирғизистон – Тоҷикистон – 4:1

Эрон – Узбекистон – 2:2

Даври 6-ум

Тоҷикистон – Эрон – 0:9

Голҳо: Саиданастаран Муқимифарзӣ, 14 (0:1). Соро Ширбейгӣ, 16 (0:2). Фаришта Каримӣ, 17 (0:3). Фаришта Каримӣ, 18 (0:4). Нисо

Аҳадӣ, 20 (0:5). Моҳсо Алимададӣ, 22 (0:6). Саҳар Попӣ, 28 (0:7). Соро Ширбейгӣ, 29 (0:8). Фаришта Каримӣ, 33 (0:9).

Узбекистон – Қирғизистон – 10:0

Голҳо: Мафтуна Шоимова, 1 (1:0). Зумрадҷон Назарова, 11 (2:0). Мадина Ҳикматова, 14 (3:0). Эзоза Шарипова, 17 (4:0). Зумрадҷон Назарова, 21 (5:0). Нилуфар Қудратова, 22 (6:0). Айтурган Аскарова, 28 – ба дарвозаи худ (7:0). Нилуфар Қудратова, 30 (8:0). Азиза Норбоева, 38 (9:0). Нозимахон Эргашева, 39 (10:0).

XS
SM
MD
LG