Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати тандурустӣ аз 18 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод. Иттилои ғайрирасмӣ дигар аст


Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, эмшавӣ бар зидди коронавирус як роҳи муассири пешгирии паҳншавии он ва ҳам ҷилавгирӣ аз марги инсонҳо мебошад
Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, эмшавӣ бар зидди коронавирус як роҳи муассири пешгирии паҳншавии он ва ҳам ҷилавгирӣ аз марги инсонҳо мебошад

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ аз сабти 18 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар доданд, ки шумори умумии гирифторонро аз замони оғози бақайдгирии ин вирус дар кишвар ба 17283 нафар баробар кардааст. Ба қавли мақомот, дар давоми наздики ду соли пандемия дар кишвар 124 нафар аз дасти коронавирус ҷон додаанд. Вале хабару гузоришҳои алтернативӣ, аз ҷумла, шаҳодати сокинону оилаҳои зиёд дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ишора ба он мекунад, ки дар асл шумори бештари мардум ба коронавирус олуда мешаванд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ҳафтаҳои охир аз ҳолатҳои зиёди беморшавии тамоми аъзои оила гузориш медиҳанд. Мақомоти беҳдошт талқил мекунанд, ки танҳо роҳи пешгирӣ аз олудашавии бештари мардум ваё бистаришавиву марг аз коронавирус - ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Ба иттилои мақомоти беҳдошт, дар Тоҷикистон то имрӯз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар ваё беш аз 75 дарсади аҳолии аз 18-сола боло зидди коронавирус эм шудаанд.

Рӯзи 28 январ оҷонсии омори Русия – Росстат гуфт, ки соли 2021 шумори аҳолии ин кишвар беш аз ним миллион нафар кам шудааст ва яке аз сабабҳояш пандемияи COVID-19 будааст. Омор мегӯяд, аҳолии Русия моҳи январ 145,5 миллион нафар буд ва ин 700 ҳазор нафар камтар назар ба моҳи январи соли 2021 будааст. Русия, ки ҳоло бо мавҷи Омикрон – навъи босуръат паҳншавандаи коронавирус дастбагиребон аст, гуфтааст, ки сабаби асосии марги инсонҳо дар соли гузашта ҳамин вирус будааст.

Дар ИМА ҳам шумори марги инсонҳо бар асари Омикрон зиёд мешавад ва ба ҳисоби миёна рӯзе 2200 нафар дар саросари ин кишвар бар асари коронавирус ҷон медиҳад.

XS
SM
MD
LG