Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нарендра Модӣ раҳбарони Осиёи Марказиро "мизбонӣ" кард


Нарендра Модӣ
Нарендра Модӣ

Дар як нишасти онлайнӣ сарони Ҳинд ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд ва дар замоне, ки Пекину Деҳлӣ саъй доранд, нуфузи худро дар ин минтақаи суннатии таҳти назари Русия мустаҳкам кунанд.

Нахуствазир Нарендра Модӣ, ки рӯзи 27-уми январ раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистонро мизбонӣ мекард, гуфт: “Осиёи Марказӣ дар чашмандози Ҳинд, як ҳамсояи якпорча ва босуботи густурдае аст.”

Ду рӯз пештар аз ин, Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин низ айни нишастро бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор кард ва ваъда дод, ки то се соли оянда барои тақвияти иқтисоду амнияти кишварҳои минтақа 500 миллион доллар кумак мекунад.

Вазорати умури хориҷии Ҳинд бо нашри як баёния, дар нишасти Ҳинд ва Осиёи Марказӣ роҳҳои мустаҳкам кардани ҳамкориҳо дар арсаи тиҷорату иртиботот ва амнияту дифо баррасӣ шудааст. Дар баёния омадааст, кишварҳои минтақа ба “ҳимояти қавии худ аз Афғонистони орому амн ва бо як ҳукумати фарогиру намояндаи воқеии ҳама” таъкид карданд.

Нахуствазири Ҳинд гуфтааст: “Ҳамаи мор аз таҳаввулот дар Афғонистон нигарон ҳастем.”, ки баъди омадани Толибон ба сари қудрат вазъи башарӣ дар он бисёр бад шуд.

XS
SM
MD
LG