Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварзони қазоқ талаб доранд, ширкати духтари Назарбоев пулҳоро баргардонад


Соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Қазоқистон рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Нурсултон мулоқот ва аз ҳукумати ин кишвар талаб карданд, ки молиёт барои партови техникаҳои кишоварзӣ бекор карда шавад.

Онҳо ҳамчунин хостанд, 30 миллиард тангае, ки соли 2021 барои партови техникаҳои кишоварзӣ пардохт шудааст, баргардонда шавад.

Ба гуфтаи кишоварзон, молиёти мазкур боиси гароншавии арзиши техникаҳои кишоварзӣ ва ҳамзамон нархи маҳсулот шудааст.

"Ба нархи ҳар як дона нон ва ҳар як литр шир молиёти партов зам мешавад. Арзиши техникаҳои кишоварзӣ дар муқоиса бо соли 2020 ба ҳисоби миёна, 13,8 миллион танга афзоиш ёфтааст. Нархи комбайни навъи "ESSIL КЗС-760" дар шаш сол аз 23 миллион то ба 68 миллион танга гарон шудааст. Молиёти партови нақлиёт танҳо барои рушди соҳибкории бузург роҳандозӣ шуда буд", - гуфтанд кишоварзон.

Онҳо дар баробари бекор кардани молиёт ҳамчунин хостанд, ки аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо техникаҳои босифат ворид карда шавад.

Дар Қазоқистон молиёт барои партови воситаҳои нақлиётро ширкати "Оператор РОП" ҷамъоварӣ мекард. Ин ширкатро, ки соли 2015 таъсис ёфта буд, ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд.

Ҳукумати Қазоқистон 19-уми январ бо дастури президент Қосимҷомарт Тоқаев қарори манъи фаъолияти "Оператор РОП"-ро содир кард.

XS
SM
MD
LG