Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи як шаҳрванди Узбекистон, ки дар Қазоқистон “гум” шудааст


Зиёдҷон Кучаров бо хонаводааш. Акс аз бойгонӣ
Зиёдҷон Кучаров бо хонаводааш. Акс аз бойгонӣ

Пайвандони Зиёдҷон Кучаров, сокини 43-солаи Фарғонаи Узбекистон, ки дар бетартибиҳои ибтидои моҳи январи Қазоқистон нопадид шуда аст, ӯро меҷӯянд.

Кучкаров рӯзи 5-уми январ дар шаҳри Алматои Қазоқистон ба кор рафта, барнагаштааст. Аз он замон то кунун хонаводааш дар бораи вай чизе намедонад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон мегӯянд, ҷустуҷӯи шахсонеро идома медиҳанд, ки дар бетартибиҳо даст доштанд. Пулиси Қазоқистон гуфт, танҳо дар як ҳафта 18 шаҳрванди Узбекистонро ба далели вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират боздошт кардааст.

Эътирози сокинон аз болоравии нархи гази моеъ дар ғарби Қазоқистон дар аввали моҳи январ ба хушунат печид ва даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт. Ҳукумат хушунатҳоро кори “террористони байнулмилалӣ” донист ва барои саркӯби он аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), иттиҳоди зери раҳбарии Русия, мадад хост.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон онро муборизаи қудрат миёни элитаи вафодор ба президенти ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев ва раисҷумҳури собиқ Нурсултон Назарбоев медонанд.

Дар ду ҳафтаи охир хешовандони Назарбоев аз вазифаҳои муҳим дар ширкати нафту газ ва идораҳои дигари давлатӣ ронда шуданд.

XS
SM
MD
LG