Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хеши дигари Назарбоевро аз мансаб барканор карданд


Берик Имашев.
Берик Имашев.

Берик Имашев, раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон аз мақом барканор шуд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, дар ин бора рӯзи 25-уми январ фармон имзо кард.

Вазири пешини адлия ва ёвари президент Берик Имашев моҳи сентябри соли 2016 раиси КМИР таъйин шуда буд. Акнун сенатори пешини Қазоқистон Нурлан Абдиров раиси КМИР таъйин шудааст.

Берик Имашев бо Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон пайвандӣ дорад. Писари Дариға бо духтари Имашев издивоҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG