Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роман Пратасевич гуфт, дигар дар ҳабси хонагӣ нест


Роман Пратасевич.
Роман Пратасевич.

Роман Пратасевич, хабарнигори беларусӣ, ки соли гузашта дар пайи фуруди иҷбории як ҳавопаймо дар Минск боздошт шуда буд, мегӯяд, дигар дар ҳабси хонагӣ нест.

Пратасевич рӯзи 25-уми январ дар канали "Ютюб"-и Дмитрий Беляков, мудири як маркази ҳуқуқи башар, гуфт, ки аз ҷойи будубоши худаш метавонад дуртар биравад.

Кишварҳои зиёди ҷаҳон раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенкоро барои гаравгон гирифтани ҳавопаймо барои боздошти Пратасевич ва дӯстдухтари русаш София Сапега маҳкум карда буданд.

Ин ҳавопаймо 23-юми майи соли 2021 дар масири худ аз Афина ба Вилнюс аз сӯи мақомоти Беларус ба фуруди изтирорӣ маҷбур карда шуд. Мақомоти Беларус гуфтанд, ки ҳавопаймо бинобар таҳдиди бомба поин омад. Кишварҳои ҷаҳон ба ин иддаои Беларус бовар накарданд.

Пратасевич афзуд, ҳамин ҳоло маконеро, ки дар ҳабси хонагӣ буд, тарк кард ва афзуд, пас аз ҳафт моҳ ҳабси хонагӣ муошират кардан ва ба зиндагӣ мутобиқ шудан барояш мушкил аст.

Пратасевич дақиқан нагуфт, ки кай аз ҳабси хонагӣ озод шуд, вале афзуд, барномаи хосе барои фаъолият дар расонае дар Маркази ҳуқуқи башар надорад. Вай ҳамчунин гуфт, ният дорад, фаъолияти канали худ - "Справа"-ро дар "Телеграм" ба роҳ монад. Вай ҳамчунин гуфт, таҳқиқот дар мавриди парвандаи ӯ идома дорад.

XS
SM
MD
LG