Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов бузургтарин корхонаи сементбарории Узбекистонро харид


Яке аз корхонаҳои семент дар Узбекистон.
Яке аз корхонаҳои семент дар Узбекистон.

Ширкати русии "Akkermann Cement" 98,6 дарсади саҳмияҳои корхонаи сементбарории "Оҳангаронсемент"-и Узбекистонро харидорӣ кардааст.

Раиси Шӯрои мудирони "Akkermann Cement" Антон Селявко гуфтааст, сармоягузорӣ дар "Оҳангаронсемент" ба монанди сармояҳои дигари ширкати USM дар Узбекистон, пеш аз ҳама ба рушди ин кишвар, зодгоҳи саҳҳоми асосии USM Алишер Усмонов равона шудааст".

"Akkermann Cement CA" корхонаи зертобеи ширкати холдингии USM олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов аст. Дороиҳои асосии "Akkermann Cement" корхонаҳои сементбарорӣ дар Новотроитск ва Горнозаводск буда, соли гузашта он ҳудуди 4 млн тонна семент истеҳсол кардааст.

"Оҳангаронсемент" яке аз бузургтарин корхонаи сементбарории Узбекистон шумурда мешавад. Моҳи ноябри соли 2017 хабар дода шуд, ки Русия дар якҷоягӣ бо ширкати чинии "Beijing Triumph International Engineering Со" дар асоси "Оҳангаронсемент"​ корхонави нави сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсоли 3 миллион семент дар сол бунёд карданианд.

XS
SM
MD
LG