Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО гуфт, нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош медарорад


Йенс Столтенберг
Йенс Столтенберг

НАТО бо нигаронӣ аз таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар наздикии марзи Украина гуфтааст, нерӯҳои худро ба ҳолати омодабош дароварда, киштиву ҳавопаймоҳои ҷангиро бештар ба Аврупои Шарқӣ мефиристад.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, гуфт, ин паймон барои муҳофизат аз муттаҳидони худ, аз ҷумла тақвияти ҷиноҳи шарқии созмон, идома медиҳад.

Вай афзуд, НАТО дар баробари бадтар шудани фазои амниятии худ чун ҳамеша посух хоҳад гуфт.

Аз сӯи дигар, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар як тасмими муттаҳидона аз Украина ибрози ҳимоят карданд.

Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ҳушдор додаанд, ки Русия бо ҷамъоварии беш аз 100 ҳазор сарбоз дар наздикии марзи Украина эҳтимол ба як ҳамла омода мешавад. Маскав ин иддаоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG