Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дастур дод, оилаи кормандони сафорат аз Киев берун шаванд


Сафорати Амрико дар Киев
Сафорати Амрико дар Киев

Департаменти давлатии Амрико рӯзи 23-юми январ гуфт, аъзои оилаи кормандони сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Киев бояд аз Украина берун шаванд. Бар илова кормандоне, ки ҳузури онҳо ҳатмӣ нест, метавонанд, аз ҳисоби давлат ба ватан баргарданд.

Ба қавли як мансабдори баландпояи Департаменти давлатӣ, Амрико ба пуштибонӣ аз Украина содиқ аст ва сафорат корашро пурра идома хоҳад дод. Ҳамин манбаъ афзуд, бар пояи маълумоти дастрас, Русия нақша дорад, ба зидди Украина як амалиёти густурдаи низомӣ роҳандозӣ кунад.

Тафсилоти бештар дар ин бора дода нашудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия кишварҳои узви НАТО-ро ба афзоиши ташаннуҷ дар Украина муттаҳам мекунад. Кремл ҳар гуна нақшаи ҳамларо ба Украина беасос хонда, аз НАТО талаб кардааст, ки барои рафъи ташаннуҷ ба таври хаттӣ ваъда диҳад, ки ин паймон дар самти шарқ тавсеа намеёбад.

XS
SM
MD
LG