Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳайати Толибон ва дипломатҳои ғарбӣ дар Норвегия


Ҳайати Толибон
Ҳайати Толибон

Як ҳайати Толибон ва дипломатҳои ғарбӣ имрӯз, 24-уми январ, дар Норвегия дар бораи буҳрони башарӣ ва ҳуқуқи инсон дар Афғонистон гуфтугӯ мекунанд. Музокирот паси дарҳои баста миёни понздаҳ узви Толибон ва намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Италия ва Норвегия баргузор мешавад.

Толибон моҳи августи соли 2021 дигарбора ба қудрат дар Афғонистон баргаштанд. Аз он замон то ҳоло вазъияти башарӣ дар ин кишвар бадтар шудааст.

Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, 22,8 миллион нафар дар Афғонистон аз камбуди ғизо ва 8,7 миллион нафар аз гуруснагии шадид ё қаҳтӣ азият мекашанд.

Намояндаи Толибон Шафиуллоҳ Аъзам гуфт, ҳайат ба ин далел озод кардани дороиҳои Афғонистонро дархост хоҳад кард. Аъзам ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфт, "фикр мекунам, вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ афғонҳоро дастгирӣ кунад, на ин ки муҷозот кунад."

Вай афзуд, рӯзи аввали мулоқот, 23-юми январ, як қадаме барои эътирофи ҳукумати Толибон дар Афғонистон аст. Вале вазири корҳои хориҷии Норвегия пештар таъкид карда буд, музокирот ба маънои "эътирофи Толибон нест". То кунун ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG