Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот мекунанд


Дидбонгоҳи марзӣ дар Бодканд. Акс аз бойгонӣ
Дидбонгоҳи марзӣ дар Бодканд. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ҳодисае, ки 23-юми январ дар марз рух дод, боиси мулоқоти мақомоти ду кишвар шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи якшанбе дар минтақаи наздик ба деҳаи Эски-Оочуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як гуруҳи шаҳрвандон дар минтақаи муайяннашудаи марзӣ ба сохтани симдевор пардохтаанд.

"Сохтмони симдеворро сардорони дидбонгоҳҳои марзии ду тараф рӯзи 21-уми январ муовфиқа карда буданд", - хабар доданд аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Ба иттилои ин ниҳод, замони сохтани симдевор марзбонони Тоҷикистон ҳозир шуда, талаби қатъи симкаширо кардаанд.

Марзбонони тоҷик гуфтаанд, "масъалаи гузоштани монеаи марзиро бояд намояндагони марзбонии ду тараф ҳал кунанд".

“Бо ҳадафи роҳ надодан ба хушунат шаҳрвандони Қирғизистон аз сохтани симдевор худдорӣ кардаанд,” -- хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ҷанҷолу муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон пайваста мушоҳида мешавад. Мақомоти ду кишвар ҳамдигарро дар сар задани онҳо муттаҳам мекунанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли ҷорӣ рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

XS
SM
MD
LG