Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқохон ҳодисаҳои Бадахшонро "бисёр ташвишовар" хонд


Шоҳзода Карим Оқохони чаҳор
Шоҳзода Карим Оқохони чаҳор

Шоҳзода Карим Оқохон (Оғохон)-и чаҳор, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, гуфтааст, рӯйдодҳои охир дар Бадахшони Тоҷикистон барояш "бисёр нигаронкунанда аст", дар ҳоле ки ба қавли ӯ "ноустуворӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст." Бадахшон макони аслии пайравони исмоилия дар Тоҷикистон аст.

Паёми Оқохонро рӯзи 17-уми январи имсол ба забони англисӣ ва тоҷикӣ нашр кардаанд. То ин дам мавқеи AKDN, Шабакаи Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, нисбати вазъияти ВМКБ муайян набуд. Қаблан намояндаи созмон ба суолҳои Радиои Озодӣ ҷавоб надод.

Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар паёмаш гуфтааст, мисли ҳамеша таҳаввулоти ҳозираро зери назорат қарор додааст ва дар мавриди зарурӣ "роҳнамоии минбаъда"-ро мефиристад. Аммо айни замон аз пайравонаш дар Тоҷикистон хостааст, "дар ҳеч фаъолияте, ки метавонад боиси халалдор гардидани барқарории сулҳ ва назму тартиботи хуб гардад, ширкат накунанд."

"Бори дигар фармонамро ба Ҷамоат такрор мекунам, ки ҳар гуна хушунат, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки ба қонунҳои сарзамин мухолифанд, рад кунанд," – афзудааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даст доштани худро дар беназмиҳо ва қонуншиканӣ рад карда, баръакс, мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба фишор болои онҳо гунаҳкор мекунанд. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон намепазиранд.

Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди эътирози чаҳоррӯза буд. Мақомот дар бораи захмӣ шудани чанд маъмури интизомӣ мегӯянд, сокинон аз кушта ва маҷруҳ шудани мардуми норозӣ.

Тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карда, амалиёти боздошташро қонунӣ шумурданд. Пайвандонаш бо иттиҳом розӣ нестанд.

Эътирози сокинон дар Хоруғ баъди он ки, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков дастгир ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд. Чизе, ки ба гуфтаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ то ҳоло иҷро нашудааст.

XS
SM
MD
LG