Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори коҳиши шиддати муноқиша дар Яман шуд


Боздоштгоҳ баъди зарбаи мушакӣ
Боздоштгоҳ баъди зарбаи мушакӣ

Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 21-уми январ хостори коҳиши шиддати ҷанг дар Яман шуд ва баъд аз онки ҳавопаймоҳои эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, бо ҳамлае ба як боздоштгоҳи таҳти назорати ошӯбгарони Ҳусӣ 70 нафарро кушта, даҳҳо тани дигарро маҷруҳ кард.

Энтонӣ Блинкен дар як баёнияи расмӣ гуфт, “Шиддат гирифтани муноқиша фақат бӯҳрони башарии бисёр бади Яманро бадтар ва ранҷи мардуми онро зиёдтар мекунад. Аз ин рӯ Иёлоти Муттаҳида аз тамоми тарафҳо мехоҳад, муноқишаро кам кунанд ва бар асоси қонунҳои байналмилалии башарӣ амал намуда дар раванди сулҳи ба раҳбарии Созмони Милал ширкат намоянд.”

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ гуфт, ки ошӯбгарони Ҳусӣ ба Созмони Милал, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх доир ба боздоштгоҳ ҳамчун маҳалли амн аз ҳамлаҳо хабаре надодаанд. Пештар аз зарба ба боздоштгоҳ, эътилофи Саудӣ як манораи мухобиротӣ дар шаҳри Ҳудайдаро ҳадаф гирифта, Яманро аз Интернет маҳрум кард. Ҳамлаҳо ба Яман баъди он зиёд шуд, ошӯбгарони Ҳусӣ, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешаванд, масъулияти ҳамлаи рӯзи 17-уми январ ба Абузабиро бар уҳда гирифтанд.

XS
SM
MD
LG